- каш
- I[کش]1. асоси замони ҳозира ва сиғаи амр аз кашидан2. ҷузъи пасини бархе аз калимаҳои мураккаб ба маъноҳои баранда, ҳамлкунанда: аробакаш, боркаш, донакаш…, кашанда, таҳаммулкунанда: балокаш, заҳматкаш, меҳнаткаш, дудкунанда, кашанда: сигоркаш, носкаш, тарсимкунанда: расмкаш, лоиҳакаш, сураткаш, нақшакаш, истеҳсолгар, тавлидкунанда, истихроҷкунанда: равғанкаш, ҳаракатдиҳанда, пайвасткунанда: лашкаркаш, симкаш, лӯлакаш ва ғ.II[کش]оғӯш, бар, сина, бағалIII[کش]кит. зебо, дилрабо; ба хушӣ, ба хуррамӣIV[کش]1. навор ё тасмаи дорои риштаҳои нозуки резинӣ, ки баъд аз кашида шудан ба ҳолати пешина бармегардад: каши ҷуроб2. навъе аз порча ва матоъ, ки хусусияти кашандагӣ дошта, дар таркибаш нахҳои чандирӣ дорад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.